- навбат
- I[نوبت]а1. тартиб дар кардани коре; вақту фурсати аз рӯи тартиб фарорасида барои иҷрои коре ё додану гирифтани чизе2. дафъа, карат, бор; дар навбати дигар3. давр, замон4. марҳила дар силсилаи коре ё сохтмоне, ки тибқи нақшаи қаблӣ ба иҷро мерасад; навбат ба навбат пешу пас, пайи ҳам, аз пайи ҳамдигар; ба навбат ботартиб, пешу пас, пайи ҳам; ба (дар) навбати худ ба тартиб, аз рӯи тартиб; дар навбати аввал пеш аз ҳама, якумин шуда; навбат гирифтан барои кардани коре ё гирифтани чизе ба тартиб дар саф истодан; навбат надодан фурсат надодан, имконият надодан (ба касе барои коре); навбат омадан (расидан) ба касе аз рӯи тартиб расидани вақт ва фурсати иҷрои коре; ба (дар) навбат истодан бо тартиб пайи ҳам истодан барои коре ё гирифтани чизе; дар навбати аввал гузоштан дар ҷои якум мондан, аҳамияти махсус додан; имтиёз доданII[نو بت]а. кит1. табли калон, нақора; навбат задан табл задан, нақора задан2. хаймаи бузург; боргоҳ
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.